ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МОҲИЯТИ ОН. Дар ин бора дар барномаи навбатии «Набзи иқтисод» дар Радиои «Ховар» метавонед маълумот гиред
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иқтисодшиносон ба хулосае расидаанд, ки ин ё он кишваре, ки иқтисодиёти рақамиро агар дар ҳаҷми 10 фоиз афзоиш диҳад, рушди ММД-ро то 20 дарсад танҳо аз ҳисоби иқтисоди рақамӣ ба даст меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар роҳи рушди иқтисоди рақамӣ корҳои муҳимеро ба сомон расонидааст. Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин самт гузариш ба Консепсияи ҳукумати электронӣ мебошад. Дар айни замон коркарди Консепсияи гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, метавонад дар роҳи рушди иқтисодиёти рақамӣ гоми устувор гузорад.
Ба таҳлили коршиносон, иқтисоди рақамӣ дар ММД–и кишварҳои Осиёи Шарқӣ, аз қабили Япония, Тайван, Сингапур, Ҳиндустон то 30 дарсад ба вуҷуд омада истодааст.
Дар шароити кунунӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ҷумҳурии мо дар кадом сатҳ қарор дорад? Кадом соҳаҳо дар Тоҷикистон ба сӯи ба иқтисоди рақамӣ қадам гузоштаанд? Ба вуҷуд овардани иқтисоди рақамӣ дар кадом соҳаҳо (маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, суғуртавӣ, кишоварзӣ, саноатӣ) имконпазир аст ва дар кадоме аз ин соҳаҳо рушди он эҳсос мешавад?
Посухи ин ва дигар суолҳоро метавонед аз барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод», ки мавзӯи «Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ- вазъи имрӯз ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳлил намудааст, фардо, 15 март, соати 08:30 ва такроран соати 17:30 дар пешниҳоди муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз мавҷи Радиои «Ховар» бишнавед.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






