Идигул Қосимзода дар иҷлосияи 63-юми Комисссияи СММ оид ба мақоми занон дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2019./АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли равон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода дар иҷлосияи 63-юми Комисссия оид ба мақоми занон, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар суханронии худ Раиси Кумита изҳор дошт, ки Тоҷикистон шурӯъ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани иқтиқлолият талоши истифода намудани иқтидори бузурги занонро барои рушди устувори кишвар дорад.
Бар замми ин Роҳбари ҳайати Тоҷикистон иштирокдоронро бо дастовардҳои ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ, ки масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занону духтаронро фаро мегиранд, аз ҷумла бо амалисозии Стратегияи миллӣ барои афзудани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 шинос кард.
И. Қосимзода инчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон чун ташаббускори қатъномаҳои муҳими “обӣ”-и Маҷмаи Умумии СММ масъалаҳои марбут ба обро фаъолона ба сатҳи умумибашарӣ пешбарӣ менамояд. Дар онҳо баробарии гендерӣ ва иштироки занон дар ин раванд мавқеи хос дорад.








Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд






