Лижаронҳои навраси тоҷик ба Корея сафар карданд

Март 15, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 марти соли равон   дар шаҳри Гангвони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати 28-уми Осиё оид ба лижаронии кӯҳӣ миёни наврасон баргузор мешавад.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зикр шуд, ки    дар чемпионат иштироки варзишгарон аз 20 давлати қитъаи Осиё дар назар аст. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқа бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш 3 нафар варзишгари наврас – Ҷаҳонгир Аҳёзода, Зикруллои Шамсулло ва Маҳмадҷон Эшонов бо роҳбарии мураббӣ Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд. Варзишгарон дар равияҳои слалом ва слаломи калон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд.

Бояд гуфт, ки  солҳои охир бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш намуди лижаронӣ дар кишвар рушд ёфта, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, ин варзишгарон аввали моҳи феврал дар аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”, ки дар Сахалини Федератсияи Россия доир шуд, ширкат намуданд.

Март 15, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд