Математикону роботсозони тоҷик дар Олимпиадаи 8-уми байналмилалии Таиланд соҳиби 16 медал гардиданд

Март 18, 2019 15:03

ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Давлати шоҳигарии Тайланд Олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 16 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон 8 нафар хонанда барои иштироки фаъол дар олимпиадаи мазкур аз ҷониби кумитаи тадорукоти он бо ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дастаи хонандагони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада мақоми аввалро ишғол намуда, бо Шоҳҷоизаи олимпиада (Гран-При) қадрдонӣ гардид.

Маросими пешвозгирии иштирокчиён 15 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифта, ғолибонро муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М.Азизӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланд истиқбол намуданд.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагони тоҷик аз аввали соли 2019 дар 4 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 47 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ гардидаанд.

Март 18, 2019 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд