НАВО БО ДУ САДО. Дар Россия «Афсонаҳо ва ривоятҳои М. Горкий» бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ чоп шуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонаи табъу нашри «Айнӣ» дар Федератсияи Россия «Афсонаҳо ва ривоятҳои Максим Горкий»-ро бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ чоп намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, доктори илмҳои филологӣ, профессор Н. Солеҳов иттилоъ дод. Бояд зикр кард, ки китоби хуб ороиш додашуда аз рӯи лоиҳаи Бунёди адабии С. Айнӣ бо дастгирии молиявии ДСТР нашр шудааст.
Дар тарҷумаи бадеии адабиёти Тоҷикистон эҷодиёти Максим Горкий ҳамеша ҷои махсусро ишғол мекард. Таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ӯ то ҳоло ҳам зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар маҷмӯа афсонаҳо ва ривоятҳои нависандаи бузург шомил шудаанд, ки ба забони тоҷикӣ дар солҳои гуногун, бештар дар давраи шӯравӣ тарҷума шудаанд. Тарҷумаҳо аз ҷониби устодони маъруфи каломи бадеӣ, ба мисли С. Улуғзода, М. Аминзода, Э. Муллоқандов, Х. Карим, А. Деҳотӣ, П. Толис, Р. Ҳошим, А. Пирмуҳаммадзода анҷом дода шудаанд. Ба маҷмӯа инчунин «Афсонаҳо дар бораи Самарқанд», ки аллакай имрӯзҳо ба забони тоҷикӣ аз ҷониби нависанда ва журналист Мансур Суруш тарҷума шудааст, шомил гардидааст. Китобе, ки бо пешгуфтори адабиётшинос А. Абдуманнонов оғоз мешавад, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯа расми М. Горкий ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ мебошад, ки соли 1934 дар Москва, дар рӯзҳои аввали анҷумани Иттифоқи нависандагони ИҶШС гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи лоиҳаи Бунёди адабии С. Айнӣ соли 2017 маҷмӯаи ҳаммонанди ашъори мунтахаби С. Есенин дар тарҷумаи устодонаи Лоиқ Шералӣ нашр шудааст. Бунёд ҳамчунин нақша дорад, ки ашъори А. Пушкинро бо номгӯи «Навои Шарқ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расонад.
Интишори чунин нашрияро метавон ҳамчун рӯйдоди адабӣ ва далели густариши робитаҳои башардӯстона миёни Тоҷикистону Россия, ки солҳои тӯлонӣ шарики стратегӣ ба шумор мераванд ва ҳамчун парвози баланди каломи бадеъ дар як болу чун наво бо ду садо баҳогузорӣ кард.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






