Наврӯз мероси беназири таърихию фарҳангии миллати тоҷик аст

Март 19, 2019 11:49

ХОРУҒ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни бостонии Наврӯз дар Институти илмҳои гуманитарии (ИИГ) ба номи академик Б.Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии «Наврӯз – мероси беназири таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва арзишҳои умумибашарии он» баргузор гардид. Конфронсро директори ин муассисаи илмӣ-пажӯҳишӣ, доктори илмҳои филологӣ Ҳоким Қаландариён ифтитоҳ намуд.

Дар конфронс олимон ва пажӯҳишгарон, аз ҷумла ходими пешбари илмии шуъбаи забонҳои помирии ИИГ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев, мудири шуъбаи таърих, археология ва этнографияи ИИГ, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоҳинбеков, мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, номзади илмҳои филологӣ Ҷумъа Беҳронов,  номзади илмҳои таърих, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоев дар мавзӯъҳои «Моҳияти байналмилалии ҷашни Наврӯз», «Нақши меҳварии хуршед дар Наврӯзи Бадахшон», «Нақши ҷонварон дар ҷашни Наврӯз», «Истилоҳи шогун дар шеъри шоирони муосири Бадахшон»,  «Русуми хоси пазироии Наврӯз дар Зебоки Афғонистон» маърӯзаҳои ҷолибро пешниҳоди ҳозирин гардонданд.

Дар конфронс ҳамчунин собиқадори соҳаи маориф  Исмоил Орифшоев ширкат намуда, дар бораи «Наврӯз ва арзишҳои неки умумибашарии он» сухан гуфт.

Дар конфронс олимон, пажӯҳишгарон, тадқиқотчиёни ҷавон, донишҷӯён ва инчунин муҳаққиқони хориҷӣ ширкат намуданд.

Март 19, 2019 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад