Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби вилояти Суғд: «Хутбаи ҷумъаро ба забони тоҷикӣ хондан беҳтар аст…»

Март 1, 2019 10:53

ДУШАНБЕ, 01.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод», — ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310-солагии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик иброз дошта буданд.    Тавре қаблан хабар додем, ба ин суханронии таърихии Пешвои миллат  10 сол пур шуд.

Пешвои миллат, аз ҷумла, иброз дошта буданд, ки хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Зеро забон яке аз нишонаҳои асосии ташаккули миллат мебошад. Агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад. Дигар ин, ки маҳз ба шарофати ин шахсияти бузург заминаи ҳуқуқии рушди забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Чунки тоҷикон ва дигар халқҳои форсигӯй ҳарчанд шариати исломиро ҳамчун оини зиндагии худ қабул карданд, вале махсусияти фарҳангиву мушаххасоти қавмии худро нигоҳ доштанд. Ин аст, ки забони ноби тоҷикӣ забони расмии дарбори нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷик — Сомониён ва чандин давлатдориҳои баъдина гардида, дар тӯли таърих мавқеи худро устувор нигоҳ дошт.

Ҳоло андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДАро дар робита ба хондани хутбаи намози ҷумъа бо забони тоҷикӣ, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расиданд, пешкаш мекунем:

Мусаллам аст, ки дар дини мубини ислом дар радифи дигар аркону фарзу суннатҳои намоз хондани хутба мавқеи хосса дорад. Хутба ҳар ҳафта як маротиба ҳини баргузории намози ҷумъа, соле ду маротибаи дигар яке дар намози иди Рамазон ва дигаре дар намози иди Қурбон хонда мешавад.   Дар намозҳои идайн ва ҷумъа хондани хутба шарт мебошад.

Аммо миқдори он чуноне ки  дар фатвоҳои мазҳаби Ҳанафӣ омадааст, (ҳадди ақали он)  камтарини он «Алҳамду лиллоҳ» мебошад.   Аслан маънои хутба каломест, ки аз минбари масҷид аз ҷониби хатиб ҷиҳати  ситоиши Худо, наъти Пайғамбар, шукргузорӣ аз замона ва ҷонибдорӣ аз соҳибони фармон арза карда мешавад.

Дар тамоми масҷидҳои олам хутба бо забони маҳаллии халқу миллатҳо  хонда мешавад, ки он аз чанд ҷиҳат афзал аст.

Аввал ин ки зимни бо забони халқи таҳҷоӣ ба ҷо овардани хутба ҳикмати он ба аҳли намозгузорон мустақим расонида мешавад;

Дуюм, аҳли намозгузор аз ҳикмати намози ҷумъа огоҳ шуда, шукргузорӣ аз Офаридгор ва давлати хешро дуруст арза менамоянд; Сеюм, хутба  ба ваҳдати мардуми намозгузор атрофи арзишҳои исломӣ ва миллӣ муосидат менамояд;

Чорум, намози ҷумъа ба худшиносии миллӣ ва динии мардуми мусулмон мусоидат менамояд ва ниҳоят панҷум, ислом ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат карда, гуногунфарҳангии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ  намуда, ба таҳаммулпазирии дини мубини ислом неруи тоза мебахшад.

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, то имрӯз  дар минбарҳои  масҷидҳои Тоҷикистон аввал мавъиза бо забони тоҷикӣ ва хутба бо забони арабӣ хонда мешавад, ки маънои онро намозхонон намефаҳманд. Замоне, ки Имоми Аъзам, пири мазҳаби мо нияти намозро бо забони тоҷикӣ карду фаҳмондани аҳкоми шаръӣ ва фиқҳи исломиро ба забони модарии мо роиҷ донист, тайи беш аз ҳазор сол мардуми ғайриараби мусулмон мафҳуми нияти намозро дарк кардаю  нокарда, бо забони тоҷикӣ мехонданд. Ин ҳам обрӯи ислом ва ҳам обрӯи миллати мо буд. Вале имрӯз чӣ шудааст, ки миллатҳои дигар аҳкоми намозу шариатро то хутбаи никоҳ  бо забони хеш гардондаанду мо, тоҷикон, миллати решабатаърихи фарҳангӣ ҳанӯз ҳам бо забони арабӣ  онро қироат мекунем, ки на ҳама ҳамватанони мо мазмун ва мӯҳтавои онро дарк менамоянд. Ин ҳолат ҳам ба зарари дини мубини ислом ҳасту ҳам ба зарари ваҳдати мардуми мусулмон. Ва гузашта аз он, ин ҳолат мо, аҳли мардуми диндор ва онҳоеро, ки даъвии сифати уламоӣ доранд, назди арвоҳи ниёгони донишмандамон сархам менамояд. Бо дарки эҳсоси масъулият назди бузургони гузаштаю имрӯзи  миллат, бо арзи эҳтиром ба хизмати созанда ва эҷодкоронаи Пешвои муҳтарами миллат, ки дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ намудаанд, бо дарки шараф ва эҳсоси виҷдони шахсӣ ва вазифаи муқаддаси масъули соҳаи дин буданам зарур ва ҳатмӣ медонам, ки ҳар нуктаю ҳар таъкидоти имониам мутобиқ ба талаботи қуръонӣ ва каломи раббонӣ ба қалби мардуми мусулмон ҳамчун марҳами ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ ва соҳибихтиёрии  халқу кишварам  бояд хизмат намоянд. Барои расидан ба ин нуктаҳои неки  созандаи миллат  омили асосӣ- ин бо забони фаҳмо ба оммаи мардум расонидани ин ниятҳои  бунёдкорона аст. Маҳз бо инобати пасманзари  ҳамин ниятҳои накӯ ҳамчун масъули соҳаи дини вилоят зарур мешуморам, ки хутбаи намозҳои ҷумъа ва идайн бо забони ноби тоҷикӣ хонда шаванд.

Тавассути ин амал мо метавонем ба намозгузорон, умуман ба мардуми кишвар ҳақиқатро бо забони аслии худ баён намоем.

Тоҷикӣ хондани хутба ба баланд бардоштани  худшиносии миллӣ мусоидат намуда,  имкон фароҳам меорад, то шунавандаи  он аз асл бохабар бошад.

Март 1, 2019 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд