Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Бадахшон дар арафаи Наврӯз «Рӯзҳои тамошои ройгон» роҳандозӣ кард

Март 14, 2019 16:13

ХОРУҒ, 14.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоии бештари кӯдакону наврасон бо расму суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонӣ маъмурияти Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифт, ки барои кӯдакону наврасон тамошои ройгони нигораҳо, мусаввараву муҷассамаҳои марбут ба Наврӯзро баргузор намояд.

Директори осорхонаи мазкур Хушомад Алидод гуфт, ки «дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ин ҷашни бостонӣ ба кӯдакону наврасон маълумоти зиёди шифоҳӣ пешниҳод мегардад, аммо ба қавли мардум, “шунидан кай бувад монанди дидан”. Дар ин ҷо мутахассисони мо ҳар як нигораро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва доир ба онҳо бо кӯдакону наврасон мубоҳиса доир мекунанд. Ҳадафи мо аз баргузории ин дарҳои боз роиҷ гардондани фарҳанги осорхонаравӣ миёни шаҳрвандони кишвар мебошад. Ин фарҳангро бояд аз хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакон парвариш намуд».

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят имсол 75-сола мешавад. Ҳоло дар хазинаи ин осорхона 12 ҳазор нигора мавҷуданд ва танҳо соли гузашта аз ҳисоби даромади худи осорхона боз 63 нигора ба хазина ворид гардид. Ягона мушкилии осорхона ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои он мебошад. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки соли равон бунёди бинои мутобиқ ба меъёрҳои муосирро оғоз кунад.

Март 14, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад