Пешгирии ҷинояткорӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, роҳбарияти раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД ва котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Муродбек Асламзода бо директори фарогирии глобалӣ ва дастгирии минтақавии Котиботи генералии Интерпол Рорейма Андриани ва ҳайати гурӯҳи кории он мулоқот намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Икром Умарзода меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи созишномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба имзо расидаанд, рӯз то рӯз ҳамкории судманди Бюрои марказии миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Котиботи генералии Интерпол қавитар мегардад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории судманди дуҷониба, ошкору пешгирии ҷиноятҳо, дастгиру безараргардонии ташкилоту гурӯҳҳои дорои хусусияти террористиву эктремистӣ, мубодилаи иттилоот, боздошти ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, инчунин ҷиҳозонидани сохторҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ ибрози андеша намуданд.
Директори фарогирии глобалӣ ва дастгирии минтақавии Котиботи генералии Интерпол Рорейма Андриани зикр кард, ки баҳри пешбурди самти фаъолият ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав роҳбарияти Котиботи генералии Интерпол омода аст тамоми дастгириву кумаки худро расонад ва дар безараргардонии ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳмгузор бошад.
Дар фарҷом ҷонибҳо бо итминон иброз доштанд, ки ин вохӯрӣ дар қавитар гардидани ҳамкории минбаъда нақши муҳим хоҳад гузошт.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!






