Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони мақомоти сарҳадии ИДМ дар Тошканд иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 27.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии (81-уми) Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 28 март дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Дар инбора сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар он роҳбарони мақомоти сарҳадии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози ШФҚС, мақомоти ИДМ-Кумитаи иҷроия, Маркази зидди террористӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок, инчунин Кумитаи иҷроияи ММЗТ СҲШ иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин ҷаласа фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ намояндагӣ мекунад.
Дар рафти ҷаласа вазъ дар сарҳади берунии кишварҳои узви ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима шуда, лоиҳаи Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадот дар сарҳади беруна барои солҳои 2021-2025, тартиби омодасозӣ ва гузаронидани амалиёти махсуси муштараки сарҳадӣ дар марҳилаи навбатӣ, инчунин лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ барои соли 2020 баррасӣ мегарданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ба ташкили кор дар омодагӣ ва гузаронидани Эстафедаи қад-қади сарҳади мои кишварҳои узви ИДМ, ки ба 75-солагии Ғалаба бар ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба меъёрсозӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотии муштарак баррасӣ ва як қатор қарорҳои ташкилӣ ва кадрӣ қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии 80-уми Шўрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ 14 ноябри соли 2018 дар Бишкек баргузор шуда буд (ДАР АКСИ ПОЁН), ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ШФҚС дар соли 2018 ҷамъбаст гардида, барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар самти таҳкими амнияти сарҳадоти мо дар солҳои 2016-2020 ва панҷ барномаи байниҳукуматии қаблан қабулгардида оид ба мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ гардид.









НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






