ШОГУН БАҲОР! Дар Бадахшон ба пешвози ҷашни бостонии Наврӯз бо иштироки раиси вилоят ҳашари умумӣ доир гардид

Март 12, 2019 16:28

ХОРУҒ, 12.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Боришоти аз меъёр зиёди барф ба яхбандии роҳҳои вилоят сабаб гардида, ҳанӯз ҳам ба  ҳаракати мошинҳои боркашу мусофирбар монеа эҷод мекунад. Роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бостонии Наврӯз дар ҳамкорӣ бо сокинони шаҳр ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо  тавассути техникаи барфтозакунӣ роҳи марказӣ ва таваққуфгоҳҳои назди бозори марказии шаҳрро аз барфтӯдаҳо ва ҷӯйборҳои обпарторо аз яхпораҳо тоз намуданд.

Сардори Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Бахтиёр Вайсзода гуфт, ки чунин иқдоми наҷиби Ситоди байнидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз тарафи  кулли бошандагони шаҳр ҷонибдорӣ пайдо намуд.

Бо омадани баҳори нозанин ва ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки таҷассуми дунёи зебои инсоният аст, ҳар фарди худогоҳу хештаншинос бояд баҳри тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, ҳудуди муассисаю корхона ва ташкилоту идораҳои худ масъулияти баланд эҳсос карда, дар ободӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳиссагузор бошад. Дар ин ҳашар  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  низ ширкат намуд.

Ба гуфтаи  раиси шаҳраки Шириншо Шоҳтемури вилоят,  масъулияти баланди шаҳрнишинӣ аз ҳар як сокин тақозо мекунад, ки ба тозагии атрофи маҳали зист муносибати ҷиддӣ намояд. Зеро маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ миёни кӯҳҳои сарбафалак ҷойгир буда, ба макони асосии саёҳати ҷаҳонгардони рӯи олам табдил ёфтааст.

Март 12, 2019 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид