Шукурҷон Зуҳуров нақши бонувонро дар рушди давлатдорӣ баланд арзёбӣ намуд

Март 7, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи  таҷлили Рӯзи модар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бонувони парлумони касбии мамлакатро табрик гуфт.

Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки Шукурҷон Зуҳуров нақши бонувонро дар рушди давлатдорӣ баланд арзёбӣ намуд.

Номбурда гуфт: «Рӯзи модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон ва хоса ҷавонмардони бо иззати тоҷиконро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мебинанд. Зеро имрӯз – ҷашнест, ки бо исми бузурги модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории мо дар он сарчашма гирифтааст».

Зикр гардид, ки Рӯзи модар иде мебошад , ки на танҳо дар кишвари мо, балки тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад

«Гузашти рӯзҳо, масъулиятҳои гуногуни ҳар яки мову шумо собит менамояд, ки мо ҳамеша дар зиндагӣ як такягоҳу роҳнамо, бахшандаву раҳкушо дорем, ки дар ҳама ҳолат боқалби саршор аз муҳаббат моро ба некӣ мепазирад, мешунавад, асрори моро ҳифз мекунад, рӯҳи моро сафо мебахшад ва муҳимтар аз ҳама ба мо эътимод мекунад, ки бешубҳа соҳиби аслии он ҷавҳари беинтиҳо модар аст», — илова намуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки ҳар як фарзанди хирадманду солеҳ дар зиндагии худ як боргоҳи ибрат дорад, ки он ҳам бошад ҷойгоҳи поку муқаддаси модар ва мактаби зиндагии ӯ мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии ҷаҳон нишон медиҳад, ки мову шумо ҳамчун намояндаи халқ дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ қарор дорем. «Зеро бархӯрдҳои қудратмандони олам сайёраи заминро дар ростои таҳаввулотҳои бузур гқарор дода, ҳар лаҳзаву замон сухан аз манофеи сиёсию иқтисодӣ, сохтусози муҳимоти ҳарбӣ ва хатарҳои ҷангҳои навбатӣ меравад. Аммо бо итминони комил мегӯям, ки ин бархӯрду талошҳои ҷангсолорӣ ҳамеша аз иродаву хостаҳои Модарон берун будааст», — илова намуд Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали созандагиҳо ба неруи офаранда зан – модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад бунёд гузоштааст.

Март 7, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад