«Такмили низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» . Дар ин мавзуъ дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд

Март 15, 2019 15:21

ДУШАНБЕ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ, технологияҳои муосири тайёркунии кадрҳои соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, такмили иқтидори кадрии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои пасошӯравӣ, муносибати инноватсионӣ дар тайёркунӣ,  аз нав тайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва таҳсилоти касбии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ, мушкилот ва дурнамо аз мавзӯъҳое буданд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории ҳамоиши байналмилалии илмию амалии «Такмили низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он олимону донишмандон ва коршиносон аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Германия, Ӯзбекистон, Молдова ва Туркия иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони муассисаҳои илмию таълимии кишвар ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Ректори Донишкадаи мазкур профессор Абдухалил Ғафурзода ҳамоишро ифтитоҳ карда, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Аҳамият ва мақсади танзими ҳуқуқии омӯзиши хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муносибатҳои нав дар тайёркунии ҳайати кадрӣ барои низоми идоракунии давлатии Федератсияи Россия: таҷрибаи Донишкадаи Шимолу Ғарбии АХХ ва ХД НПФР», «Марҳилаҳои ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: аз ислоҳот ба рушд», «Омилҳои асосии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар шароити ҳозира», «Баъзе масъалаҳои истифодаи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истифодаи имкониятҳои тахтаҳои электронии интерактивӣ дар раванди таълим» ва дигар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ маърӯза намуданд.

Март 15, 2019 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд