Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК мавзӯи асосии суҳбати Шамсиддин Орумбекзода ва Владимир Малишев гардид

Март 13, 2019 09:48

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати меҳмонон аз Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов таҳти роҳбарии  ректори ин донишкада, профессор Владимир Малишев   вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба баргузории «Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат намуданд.

Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 15 марти соли 2019 идома ёфта, дар доираи он баргузории дарсҳои сайқали маҳорат, машғулиятҳои омӯзишӣ, намоиши филмҳою спектаклҳо ва барномаҳои консертӣ дар назар аст.

Профессор Владимир Малишев иброз дошт, ки барои гузаронидани Рӯзҳо ҳайати 38-нафара аз ин донишкадаи Россия ба Тоҷикистон омадаанд. «30 нафар донишҷӯёни фаъол ба ҳайъат шомиланд, ки филмҳо ва намоишҳои худро манзури ҳамтоёни тоҷикистонии худ мегардонанд. Ин барои ҳам донишҷӯёни тоҷик ва ҳам рус имкони хуби табодули таҷриба хоҳад буд»,- илова намуд ӯ.

Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК ва омодасозӣ ва пешниҳоди довталабони боистеъдод аз Тоҷикистон барои таҳсил дар ин муассисаи машҳури таҳсилоти олӣ, ки маъруфтарин ҳунарпешагони ҷаҳониро ба камол расонидааст, мавзӯи асосии суҳбат буд.

Март 13, 2019 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад