Тоҷикистон дар ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии роҳбарони мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои ИДМ иштирок мекунад

Март 29, 2019 16:06

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии роҳбарони мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар он  сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода намояндагӣ менамояд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ   сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод АШӮРОВ  иттилоъ дод, дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти марбутаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Украина, Раёсати Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД)  оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия иштирок менамоянд.

Ба иттилои номбурда, дар назар аст, ки дар ҷаласа ҳисоботи раиси Шӯро шунида шуда, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, гурӯҳҳои корӣ, Созишнома дар бораи монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, гузаронидани баҳодиҳии мутобиқат ҳангоми воридоту содирот намудани молу маҳсулот, натиҷаи ҷаласаҳои кумитаҳои илмӣ-техникӣ доир ба баҳодиҳии мутобиқат, стандартизатсия, метрология, аккредитатсия, инчунин гурӯҳҳои корӣ оид ба бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, эътирофи натиҷаҳои аккредитатсияи мақомоти баҳодиҳии мутобиқат, пешниҳоди тағйирот дар сохтори ШБД, тағйирот дар тартиби баргузории ҷаласаҳои ШБД мавриди таҳлил қарор дода шаванд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ доир ба гузаронидани озмуни «Дарёфти мукофоти ИДМ дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ» дар соли 2019 ва баррасии ҳуҷҷатҳои дар ин самт пешниҳодгардида аз давлатҳои ИДМ ба муҳокимаи аъзоён гузошта мешавад.

Бино ба маълумоти Мурод Ашӯров, аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ- ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур  пешбарӣ шудаанд.

Боя зикр намуд, ки «Силкоат бойя» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти рангҳои сохтмонӣ ва масолеҳи хушки сохтмонӣ машғул мебошад. Самти фаъолияти «Ваҳдат» ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ  нигаронида шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкорӣ изҳор намоянд. Аз ҷумла, ҷиҳати таҳия ва қабули стандартҳои нав ва дастрас намудани онҳо ба аъзоёни Шӯрои байнидавлатӣ ва масъалаи таҷдиди нақшаи кории Шӯрои байнидавлатӣ ва таҳияи Стратегияи рушди Шӯро дар давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад.

Дар айни замон, бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Шӯрои байнидавлатӣ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамкорӣ дар ин самт барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, рушди соҳаи стандартонӣ ва ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.

Март 29, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд