«ТОҶИКИСТОН ДАР МАВРИДИ ҲАМСОЯҲО ҲАҚШИНОС АСТ…». Мулоҳизаҳои собиқ Раиси Суди Олии Тоҷикистон Ҳизбулло Хоҷаев дар бораи сабабҳои моҷаро миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

Март 15, 2019 14:49

ДУШАНБЕ, 15.03.2019./АМИт «Ховар»/.  «Баҳси истифодаи замину об дар ин минтақаи наздисарҳадӣ (Тоҷикистону Қирғизистон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») сабабҳои  таърихӣ низ дорад ва имрӯз ҳал кардани он кори мушкилу мураккаб буда, таҳаммулу гузашти тарафайнро тақозо мекунад, зеро то замони инқилоби шӯравӣ халқҳои дар ин минтақа сукунатдошта, аз ҷумла тоҷикон ва қирғизҳо, давлати миллии худро бунёду марзу буми онро муайян накарда, дар ҳолати паҳну парокандагӣ қарор доштанд», — навиштааст собиқ Раиси Суди Олии Тоҷикистон Ҳизбулло Хоҷаев зери унвони «Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад» 21 июли соли 2018 дар рӯзномаи «Садои мардум» (нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба табъ расида буд. Муаллиф, ки худ зодаи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара аст, аз сабабҳои асосии ин моҷаро, ки дар замони шӯравӣ сар зада буд, хуб огоҳ аст, аз ин лиҳоз мулоҳизаҳояш роҷеъ ба ин масъалаи доғи рӯз қобили таваҷҷуҳ хоҳанд буд.

Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад

Баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизис­тон солҳо боз тезутунд ва ҳалталаб аст. Бори аввал байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ моҳи декабри соли 1974 дар деҳаи Ворух барои истифодаи замин задухӯрд рӯй дода, боиси захм бардоштани аҳолии ҳар ду ҷониб гардид. Мутаассифона, ин ҳодиса аз ҷой доштани баҳсҳои ҳалталаб дар муносибатҳои марзию заминистифодабарӣ дарак дода бошад ҳам, барои ёфтани роҳи ҳалли он ва пешгирии пайдошавии дигар моҷароҳои марзӣ чораҳои амалӣ андешида нашуд.

Тоҷикон мавҷудияти ин баҳсҳоро аз собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон медонанд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо бо мақсади озод шудан аз андози замин қисмати зиёди заминҳои дар истифоданабудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизис­тон, бинобар ҷумҳурии чорводор будан, бо қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд. Аз ин хотир, бо гузашти солҳо хатти сарҳади онҳо аз теғаи кӯҳҳою баландиҳо «хазида», ба ҳамворӣ фаромад ва то маҳалҳои зисти тоҷикон расид.

Бояд зикр кард, ки баҳси истифодаи замину об дар ин минтақаи наздисарҳадӣ сабабҳои дигари таърихӣ низ дорад ва имрӯз ҳал кардани он кори мушкилу мураккаб буда, таҳаммулу гузашти тарафайнро тақозо мекунад, зеро то замони инқилоби шӯравӣ халқҳои дар ин минтақа сукунатдошта, аз ҷумла тоҷикон ва қирғизҳо, давлати миллии худро бунёду марзу буми онро муайян накарда, дар ҳолати паҳну парокандагӣ қарор доштанд. Қисми шимолии Тоҷикистон бо Қирғизис­тон солҳои 70 – уми садаи ХIХ ба Россия ҳамроҳ шуда, ба генерал – губернатори Туркистон итоат мекард ва байни онҳо сарҳади давлатӣ мавҷуд набуд.

Тақсимоти ҳудудию маъмурии соли 1924 дар Осиёи Миёна гузаронидаи Ҳукумати Шӯравӣ низ ба муттаҳид намудани миллати тоҷик ва барпо кардани давлати миллӣ равона нашуда буд. Ин тақсимоти ноадолатона бештар ба тоҷикон зарар расонд.

Бояд зикр намуд, ки ҷудокунии ҳудудию маъмурии дар Осиёи Миёна суратгирифта, ба ғайр аз ҳуқуқҳои тоҷиконро маҳдуд намудан ва онҳоро дар як давлат муттаҳид накарданаш, байни халқҳои минтақа моҷароангез буд. Ин тақсимот марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизис­тонро аломатгузорӣ нанамуд. Байни онҳо дар ин минтақа заминҳои дар гардиш қарордоштаю истифодашавандаро дар маҳалҳои аҳолинишин тақсим намуд, вале ҳудуди онҳоро дар заминҳои истифоданашаванда муайян накард. Нотамом мондани тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ва аломатгузорӣ нашудани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа натиҷаи кори комиссияи байнидавлатии ҳар ду ҷумҳурӣ, ки баъди соҳибис­тиқлол гардиданашон ташкил шуд, тасдиқ мекунад. Ин комиссия аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуд, аммо чанд сол гузашта бошад ҳам, онро ба охир нарасонид.

Масъалаҳои марзӣ байни ҷумҳуриҳо дар замони шӯравӣ муҳиму ташвишовар набуд, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ хонаи умумии ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шартан чун марзи дохилии байни воҳидҳои маъмурӣ маҳсуб меёфт ва бо иродаи марказ минтақаю вилоятҳо аз ихтиёри як ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳурӣ бе гузаронидани раъйпурсӣ дода мешуданд. Мисоли чунин муносибати марказ минтақаи Қримро аз тобеияти Россия бе гузаронидани раъйпурсии халқҳо ба Украина тақдим кардан мебошад. Илова бар ин, ҳеҷ кас шак намеовард, ки Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат, чун дигар империяҳои аз таърих маълум, дер арзи вуҷуд намекунад ва зуд барҳам мехӯрад.

Аз қадимулайём тоҷикони Исфара ба деҳқонию боғпарварӣ машғул буданд. Барои равнақи ин шуғл заминҳои талу теппа ва доманакӯҳи атрофи маҳаллашонро ҳамвору обшор намуда, истифода мебурданд ва ё дар минтақаи сербориши кӯҳӣ ба лалмикорӣ машғул мешуданд.

Қирғизҳо бошанд, ба чорводорӣ шуғл варзида, асосан бодиянишинӣ мекарданд. Солҳои 60 – уми садаи гузашта қирғизҳо шуғли мушкилу он солҳо камдаромади чорводориро партофта, аз кӯҳҳо ба ҳамворӣ фаромаданд. Онҳо аз мавзеъҳои кӯҳии Кэх, Тӯшқалиқ, Кишамиш, ки дар атрофи деҳаи Ворух буданд, кӯчида, заминҳои аломатгузоринашудаи назди деҳаи Хоҷаи Аълоро ҷойи зисти доимӣ қарор доданд. Бо дастгирии ҳокимияти маҳаллиашон ба набудани хатти марз байни ду ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, заминҳои бекорхобидаи мавзеи соҳили дарёи Ворух, ки аз он ҷо роҳи автомобилгарди Исфара – Ворух мегузашт ва дигар қитъаҳоро худсарона ишғол намуданд. Онҳо ба тоҷикон имконият намедоданд, ки аз ҳисоби заминҳои аломатгузоринашуда маҳалли зистро васеътар намоянд. Бо ин мақсад манзилҳоро дар канори маҳалҳои тоҷикнишин сохта, бо онҳо ҳамсояи девордармиён мешуданд. Дар натиҷа, маҳалҳои омехташудаи тоҷику қирғиз дар Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ пайдо шуд.

Ворухиҳо ҳам бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии афзудаистода ва барои сохтмони манзил бо замин таъмин намудани оилаҳо қарор доданд дар мавзеи Оқсой, ки дар тарафи чапи дарёи Ворух воқеъ буд, заминҳои бекорхобидаро обшор намуда, ба истифода дароранд. Ба онҳо тааллуқ доштани ин мавзеъ шубҳа надошт, зеро он ҷо оромгоҳи бузурги деҳа — Хоҷаи Ғор воқеъ буд ва дигар далелҳои таърихӣ ин ҳақиқат­ро тасдиқ мекарданд.

Корҳои азхудкунии заминҳои ин мавзеъ чанд сол ошкоро, пеши назари қирғизҳо ба итмом расонида шуда бошад ҳам, онҳо ягон эътироз нисбат ба ин иқдоми ворухиҳо намекарданд. Баъди аввал бо насос, пас оби худҷорӣ оварда, ин мавзеъро аз сангу хок тоза карда, пастию баландиҳояшро ҳамвор намуда, бошишгоҳҳои саҳроиро сохта, боғҳоро бунёду заминро киштукор кардан онҳо барои ба даст даровардани ин заминҳо иғвою моҷароро оғоз намуданд. Қирғизҳо бар ивази бо роҳи гуфтушуниду мувофиқи нишондоди қонун ва тартиби муқарраршуда ҳал кардани ин масъала қувваю зӯриро истифода бурда, охири моҳи декабри соли 1974 бо ворухиҳо занозанӣ ташкил намуда, боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани одамони ҳар ду ҷониб гардиданд. Барои таъмини тартиботи ҷамъиятию бехатарии аҳолӣ дар ин минтақа вазъияти фавқулода эълон карда, баҳри ҳал намудани ин масъалаи баҳсӣ комиссияи муштараки байнидавлатӣ таъсис дода шуд. Шояд бо мақсади зудтар ба марказ дар бораи ором шудани вазъ гузориш додан ё бо сабаби дигар бошад, ки комиссия ба зудӣ барои 500 гектар замини бо азобу машаққат ва хароҷоти калон ободкардаи ворухиҳоро бо бошишгоҳҳои саҳроиаш ба қирғизҳо додан ба хулоса омад. Дар баробари ба ворухиҳо таърихан тааллуқ доштани замин комиссия аҳамият надод, ки қирғизҳо дар ин маҳал барои истифода бурдани замин қувваи корӣ надоранд. Ҳол он ки дар деҳаи аҳолиаш он замон беш аз 10 ҳазорнафараи Ворух бекорон зиёд буданд.

Қирғизҳо барои банд намудани замини аз ворухиҳо кашидагирифта як гурӯҳ одамонро аз қисми шимоли ҷумҳуриашон кӯчонда оварда, дар манзилҳои дар ду тарафи роҳи автомобилгарди Ворух – Исфара сохта маскун намуданд. Дар натиҷаи беадолатии комиссияи муштарак на фақат боғҳои ворухиҳо бунёднамуда бе нигоҳубин монда, хушк шуда, заминҳои ободкарда бе киштукор монд, балки вазъият ба ҷойи орому муътадил гардидан боз ҳам моҷароангезтар шуд.

Дертар қирғизҳо ҳаракати нақлиётро низ дар ин роҳи дохили маҳаллашон таҳти назорат гирифта, сабабгори моҷароҳои дигар шуданд. Барои онҳо ба ҳаракати автомашинаҳои тоҷикон монеъ шудан, санг партофта шишаҳояшро шикастан, ронандаю мусофиронро зада маҷрӯҳ кардан ва ба кашондани бору гузарондани чорво халал расондан кори муқаррарӣ гардид. Гузашта аз ин, бо ҳар баҳона ин роҳ деҳаи Ворухро бо дигар минтақаҳо мепайвандад, якчанд рӯз баста, ба рафтуомади мардум монеъ мешуданд.

Дар натиҷа, тобистони соли 1989 бори дигар задухӯрди шадид байни тоҷикону қирғизҳо ба вуҷуд омад. Қирғизҳои ба ин задухӯрд тайёридида аз яроқи оташфишон истифода бурда, 18 ворухиро маҷрӯҳ карданд. Бо ин сабаб бори дуюм дар он ҷо вазъияти фавқулода ва соати комендантӣ эълон карда шуд.

Он вақт ман дар вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Тақрибан пас аз ду ҳафтаи моҷарои сарҳадӣ дар бинои Шӯрои вазирон бо муовини Раиси Шӯрои вазирон, раиси Комитети агросаноатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳоб Воҳидов, ки раиси комиссияи баробарҳуқуқ аз ҷониби Тоҷикистон таъин шуда буд, вохӯрдам. Ҳангоми суҳбат ӯ аз вазъи Исфара, муҳтавои протоколи созиш изҳори норозигӣ намуд. Гуфт, ки аъзои комиссия аз имзо намудан ба протокол даст кашидаанд ва аз ман хоҳиш кард, ки ба Исфара рафта, ҳамдиёронро ба имзои протоколи созиши комиссияи баробарҳуқуқ розӣ намоям. Азбаски барои ҳал кардани ин масъалаи муҳим супориши ӯ ба ман салоҳият намедод, аз иҷрои он худдорӣ намудам. Баъди чанд рӯз Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев маро даъват намуда, супориш доданд, ки ба Исфара рафта, барои ба имзо расондани протоколи комиссияи созиш мусоидат намоям.

Иззатулло Ҳаёевро аз давраи дар шаҳри Кӯлоб кор карданам мешинохтам. Дар вазифаҳои раиси комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, баъд котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб кор мекарданд. Ҳамчун роҳбар хоксору босалоҳият ва кордон, нисбат ба халқ ғамхору дилсӯз буданд.

Дар иҷрои ин супориш маро муовини якуми вазири алоқа И. Усмонов ҳамроҳӣ мекард. Дар фурудгоҳи Хуҷанд моро муовини раиси Комитети иҷроияи вилояти Ленинобод, раиси Комитети агросаноатии вилоят М. Орифов ва имомхатиби масҷиди ҷомеи вилоят М. Мукаррамов пешвоз гирифтанд ва ҳамроҳ ба шаҳри Исфара рафтем. Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Исфара Гулафзо Савриддинова моро бо протокол шинос кард. Протокол аз як ҷумла иборат буда, фақат эътирофи заминистифодабарии ҷориро муқаррар менамуд ва онро танҳо раиси комиссияи баробарҳуқуқ В. Воҳидов имзо карда буд. Маълум шуд, ки аъзои комиссия, бинобар ба муқаррароти протокол норозӣ будан, аз имзо гузоштан ба он даст кашидаанд. Бо протоколи созиш шинос шуда, дарк намудан мушкил набуд, ки он рӯякӣ, яктарафа ва ба манфиати қирғизҳо тартиб дода шудааст.

Дар вохӯрӣ аъзои комиссия сабаби ба протокол имзо нагузоштанро ба ҳолатҳои дар боло нишондода алоқаманд намуданд. Пеш аз ҳама, муқаррароти протокол ҳуқуқи ворухиҳоро ба заминҳои баҳсӣ қатъ месохт ва масъалаи ниҳоят вазнин — кушодани роҳи автомобилгарди мустақими Ворух – Исфараро ҳал намекард. Агар ба тартиби замин­истифодабарии қирғизҳо пешниҳоднамуда розӣ шуда, протоколро имзо менамуданд, ин маънии рӯирост эътироф кардани дар анклава (дар иҳотаи Қирғизистон) мондани Ворух буд. Инчунин, дар протокол муҳлати иҷораи чарогоҳи тобистонае, ки қирғизҳо барои 50 сол ба тоҷикҳо дода буданд, баррасӣ намегардид. Бинобар ин, шартномаи нави иҷоравӣ ё барои чорвои исфарагиҳо чарогоҳи тобистона ҷудо кардан зарур буд.

Хулоса, протоколи мазкур, ки гузаштҳои яктарафаи зиёд дошт, вазъияти ворухиҳоро боз ҳам вазнинтар карда, сабабгори тезутундшавии муносибати байни тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа мегардид. Бинобар ин, ба хулоса омадем, ки оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта аввал ба Раиси Шӯрои вазирон И. Ҳаёев маълумот диҳем. Ҳамин тавр, супоришро иҷро накарда, бегоҳии ҳамон рӯз ба шаҳри Душанбе баргаштем.

Рӯзи дигар ба назди Раиси Шӯрои вазирон даромада, дар бораи хулосаҳо оид ба сабабҳои ба протокол имзо нагузоштани аъзои комиссия маълумот додам. Шояд аз иҷро нашудани супориши додаашон бошад, ки чеҳраи Иззатулло Ҳаёев тира гашта, хомӯш монд. Ман дар наздашон монданамро нолозим шуморида, иҷозат пурсида рафтам.

Идомаи таърихи ин протоколи комиссияи баробарҳуқуқ тартибдодаро раиси онвақтаи комитети иҷроияи шаҳри Исфара Мирзошариф Исломиддинов чунин шарҳ дод:

— Муҳлате пас аз гузаштани иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва барои ратификатсия пешниҳод накардани протоколи имзонашуда, дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии роҳбарони аввали ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Барои иштирок дар он Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва Раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев ба шаҳри Исфара омаданд. Онҳоро дар ин сафар муовини раиси комиҷроия, раиси Комитети агросаноатии вилоят М. Орифов, котиби якуми комитети ҳизби коммунисти шаҳри Исфара Г. Савриддинова ва М. Исломиддинов ҳамроҳӣ намуданд. Дар комитети ҳизби коммунисти Бодканд онҳоро Котиби КМ ҲК Қирғизистон Масолиев бо Раиси Шӯрои вазирони Қирғизистон ва намояндаи Москва, котиби КМ ҲКИШ, узви Бюрои сиёсӣ А. Н. Гиренко мунтазир буданд. А. Н. Гиренко аз шаҳри Москва пештар ба он ҷо омада буд. Қиёфаи онҳо баъди шабнишинии давомнок хеле хаста менамуд.

Баъди ба паси мизи машварат нишастан А. Н. Гиренко манфиатдориашро нисбат ба қирғизҳо пинҳон надошта, аз Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев пурсид, ки барои чӣ протоколи комиссияи баробарҳуқуқдодаро ба имзо нарасондааст. Иззатулло Ҳаёев ҷавоб дод, ки бо муҳтавои ин протокол мардуми минтақа розӣ нестанд. Гиренко баъди шунидани ҷавоб бо оҳанги таҳдидомез ва густохона нисбат ба яке аз роҳбарони аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Агар халқатро розӣ кунонда, протоколро ба имзо расонда натавониста бошӣ, ту Раиси Шӯрои вазирон шуда кор карда наметавонӣ, ба истеъфо рафтанат лозим аст».

Аз ин муносибати ниҳоят дағалу беэътиноёна нисбат ба халқи тоҷик ва роҳбари воломақоми ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев ба ғазаб омада, бо мушташ ба рӯйи миз зада, аз ҷояшон хеста, ҷавоб медиҳанд: «Ту маро бо истеъфо метарсонӣ? Ман омода ҳастам, ки худи ҳозир ба истеъфо равам. Лекин ман ба халқам хиёнат намекунам ва манфиатҳояшро намефурӯшам».

Баъди ин гуна ҷавоби сазовори Иззатулло Ҳаёев Гиренко, мисли он ки баъди шабнишинӣ ҳушёр шуда бошад, чӣ хел давом додани вохӯриро надониста монд. Ӯ ин гуна ҷавобро мунтазир набуд.

Баъди се соат вохӯрӣ ба охир расид ва дар роҳи бозгашт Иззатулло Ҳаёев изҳор намуд, ки ин протокол ҳеҷ гоҳ имзо намешавад. Ҳамин тавр, дар ин вохӯрии сатҳи баланд роҳбарони ҷумҳурӣ нишон дода тавонистанд, ки протоколи созиш яктарафа тартиб дода шуда, талабу дархости ворухиҳо бе баррасӣ мондааст.

Дар вохӯрии Бодканд дар бораи идома додани кори комиссияҳои баробарҳуқуқи ҷумҳуриҳо ба хулоса омада бошанд ҳам, масъалаҳои баҳсӣ ҳалли худро наёфтанд. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ аз созмон додани комиссияи ҳукуматӣ барои баррасӣ намудани масъалаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон низ вақти зиёд гузашт, вале дар ҳалли онҳо пешравии ҷиддӣ мушоҳида намешавад.

Аз вазъи номусоиди коммуникатсионии Тоҷикистон истифода бурда, қирғизҳо на фақат ҳалли масъалаҳои баҳсии сарҳадро кашол дода истодаанд, балки созишҳои дар бораи худдорӣ намудан аз амалҳои нооромкунандаи вазъият дар сарҳадро сарфи назар намуда, бо истифода аз сарбозон замини тоҷиконро ғасб ва вазъиятро хавфноктар месозанд. Баъди заминҳои Оқсойро беасос кашида гирифтан, қирғизҳо ба замини маҳалли истиқоматии дар дигар минтақаҳо ҷойгиршудаи ворухиҳо даъво оғоз намуда, моҷаро барангехта истодаанд. Онҳо дар роҳи мавзеи Чакак дидбонгоҳи сарҳадӣ гузош­та, ба ворухиҳо барои дар заминҳои дар он ҷо воқеъбуда киштукор кардан монеъ шуданд. Моҷарои барангехтаи онҳо боиси аз тири сарҳадбононашон ба ҳалокат расидани як ворухӣ гардид. Ҳоло қирғизҳо аз пуртоқатии ворухиҳо истифода бурда, ба кашида гирифтани заминҳои мавзеи Пули Офтобрӯ ва чарогоҳҳои тобистона оғоз кардаанд.

Сарҳадбонони қирғиз ворухиҳоро таҳти латукӯб қарор дода, аз заминҳои ин мавзеъ ронда, бошишгоҳҳои онҳоро вайрон карда, дар чарогоҳҳои тобистона барои чорвояшонро чарондан монеа эҷод карда истодаанд. Мақсадашонро оид ба ғасб намудани заминҳои дар мавзеи Кэх воқеъбуда низ пинҳон намекунанд. Ҳол он ки тақсимоти ҳудудию маъмурии соли 1924 гузаронида ба ворухиҳо тааллуқ доштани ин заминҳоро эътироф намуда буд ва онҳо дар истифодаи ворухиҳо қарор доштанд.

Қирғизҳо амалҳои моҷароангезро бо харитаҳои дар замони шӯравӣ тартибдода алоқаманд мекунанд, ки асос надорад. Дар харитаҳо қитъаҳои заминҳои баҳсӣ гуногун — дар баъзеяшон дохили сарҳади Тоҷикистон ва дар дигарашон дохили сарҳади Қирғизистон нишон дода шудаанд, ки далели нодуруст будани даъвои онҳою шубҳаовар будани харитаҳоро исбот менамояд. Ба ғайр аз ин, дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо тартиб додану ба расмият даровардани харитаҳо низ муайян нест ва аломатгузорӣ нашудани сарҳад дар ин минтақа ҳақиқати раднашаванда мебошад. Модом ки сарҳад аломатгузорӣ нашудааст, дар харитаҳо хатти сарҳадро ҷудо нишон додан шартӣ мебошад. Аз ин рӯ, он харитаҳо чун маълумотномаи бемуҳр арзиши ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун далел барои ҳал намудани баҳси сарҳадӣ набояд истифода шаванд. Масъалаи баҳсӣ бояд дар асоси воқеияти таърихӣ ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ ҳал карда шавад.

Тоҷикистон дар мавриди ҳамсояҳо ҳақшинос аст ва нисбат ба онҳо беҳтарин муносибатро, ки хусумату зиддиятро бартараф, дӯстиро мустаҳкам мекунад ва ҳамкориро ривоҷу равнақ мебахшад, пеш гирифта, дар бисёр маврид гузашт намудааст. Аз ҷумла, бо дархости Қирғизистон барои ноҳияҳои Лайлаку Бодкандро бо роҳи автомобилгарди мустақим пайвастан аз деҳаи Чоркӯҳ ба тарафи Якауруки Қирғизистон барои роҳ кушодан иҷозат дод. Ҳоло қирғизҳо ин роҳро ҳамчун роҳи дохилии худашон истифода мебаранд ва нақлиёташон бе санҷишу назорати сарҳадию анҷом додани расмиёти гумрукӣ ба ҳар ду ноҳияи вилояти Бодканд рафтуомад менамояд. Ҳамчунин, баъди моҷарою задухӯрдҳои охирин дар назди деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло ба қирғизҳо дар заминҳои баҳсӣ сох­тани роҳу пули мустақим, ки деҳаи Оқсойро бо ноҳияи Бодканд пайваст менамояд, иҷозат дода шуд. Аммо амалишавии гузашти ҳамсояҳо дар бораи кушодани роҳи мус­тақими деҳаи Ворух ба шаҳри Исфара ва дигар минтақаҳо кашол ёфта истодааст. Дар назар бояд дошт, ки баъди ба итмом расидани бунёди роҳе, ки ноҳияҳои Бодканду Лайлакро тавассути Оқсой мепайвандад ва нолозим шудани роҳи ҳудуди деҳаи Чоркӯҳро убуркунанда, кушодани роҳи мустақими Ворух ва аз анклава баровардани он боз ҳам мушкил мегардад.

                                                   Ҳизбилло ХОҶАЕВ,
судяи мустаъфӣ,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                           (Рӯзномаи  «Садои мардум” №89 (3883) 21.07.2018)

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

ХОҶАЕВ Ҳизбилло (тав. 10. 1. 1945, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, вил.Суғд), ходими давлатӣ. Узви ҲКИШ аз с. 1969.  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1984)-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз с. 1961 оғоз ёфтааст. Колхозчии колхози «Правда»-и ноҳияи Исфара, харороти заводи «Тоҷиктекстильмаш» ба номи Дзержинский (1961—68), муфаттиши прокуратураи  ноҳияи Исфара, машваратчии калони шуъбаи адлияи Комиҷроияи иҷроияи вилояти собиқи Ленинобод (1968—75), аъзо, ҷонишини раис, раиси суди вилояти собиқи  Кўлоб (1975—-86) буд.  Солҳои  1986 – 2009, то ба нафақа рафтанаш  дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судии мамлакат, аз ҷумла Раиси Суди Олии Тоҷикистон ва Раиси Суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор кардааст.

Номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷикистон (аз 1986). Депутати  Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 11). Бо медали «20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—45» мукофотонида шудааст.

Март 15, 2019 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид