Қурбон Ҳакимзода: «Ҷиҳати бунёди иншоот бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ мебояд ба соҳибкорон ва сармоягузорон бештар такя намуд»
БОХТАР, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохтмони 341 адад иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳори назар намуд.
«Давоми се соли оянда сохтмони иншооти таълимӣ, фарҳангӣ, истеҳсолӣ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт мебояд бештар такя ба соҳибкорон ва сармоягузорон намуда, барои амалӣ гаштани лоиҳаҳо мусоидат бояд кард»,-таъкид намуд Қ. Ҳакимзода.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон зикр гардид, ки бунёди иншооти хизматрасонӣ, тиббӣ ва истеҳсолиро бояд дар деҳот бештар кард. «Ин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат мекунад»,-иброз дошт раиси вилояти Хатлон.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои сохтмони иншооти ба истиқболи ҷашн бунёдшаванда шинос гардида, бо собиқадорони меҳнат ва фаъолон суҳбат намуд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






