Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани куштор дар шаҳри Бӯстон хабар медиҳад…

Март 28, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 28.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз  чунин ҳолатҳоро  барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Ошкор шудани куштор дар шаҳри Бӯстон

Дирӯз тахминан соати 08:20, дар назди партовгоҳи маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон ҷасади зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур, зодаи ноҳияи Б.Ғафуров, бе ҷойи зисти доимӣ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди рустабори 30-солаи зодаи шаҳри Истаравшан, бе ҷои зисти доимӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 25 марти соли 2019, тахминан соати 17:30, ҳангоми дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон қарор доштанаш, зани ҷабрдидаро барои тасарруф намудани телефони мобилии тамғаи «Алкател» гумонбар ҳисобида, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ба узвҳои ҳаётан муҳимаш якчанд маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рабудани таҷҳизот ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор мактуби роҳбарияти ҶДММ «Соҳибкор-2002» ворид шудааст, ки моҳи феврали соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заводи хиштбарории ҶДММ «Соҳибкор-2002», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як миқдор таҷҳизоти заводи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 200 000 сомониро ташкил медиҳад.

Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар мардони 25, 28 ва 36-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир гардиданд. Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ноуҳдабароии ронанда бо садамаи марговар анҷомид

25 марти соли 2019, тахминан соати 20:50, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Абдурозиқов Суҳроб Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти К.Исмоили шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Мирзомурод Тоирович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Заргари шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Дуздии молу ашёи рӯзгор аз хонаи истиқоматӣ

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25 марти соли равон, тахминан соати 00:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 1 адад яхдони тамғаи «Самсунг», 4 адад қолин, 2 адад «ДВД» ва молу ашёи рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 17 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Муайян карда шуд, ки номбурда ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии «Умед» ном шахс содир намудааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Аз онҳо далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.

Март 28, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ПЕШГИРИИ СӮХТОР. Қоидаҳо бар зидди сӯхторро қатъиян бояд риоя намуд
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намуд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд
Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид