Академияи сайёҳии Анталия ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва такмили ихтисоси онҳо дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Ректори Академияи сайёҳии Анталияи Туркия Зафер Биккеноглу мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ба Ректори Акадамияи сайёҳии Анталия оид ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ислоҳоти соҳа, аз қабили ҷорӣ гардидани низоми электронии раводид, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, рушди инфрасохтор, тарзу усулҳои омодасозии кадрҳои соҳа, талабот ба мутахассисони соҳаи сайёҳӣ маълумот дода шуд.
Зафер Биккеноглу ба иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ мароқ зоҳир намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ дар иншооти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон изҳор намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаи аввал такмили ихтисоси кормандони соҳа дар самтҳои «Маъмури меҳмонхона», «Маъмури тарабхона» ва «Меҳмоннавозӣ» амалӣ карда шуда, минбаъд масъалаҳои таъсиси Маркази муштаракаи омузишӣ матраҳ карда мешаванд.








Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд






