Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Апрель 3, 2019 13:34

ДУШАНБЕ, 03.04.2019/АМИТ «Ховар»/. 2 апрел муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии иқтисодчии калон оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гоар Гюлуман, ки бо сафари корӣ аз 1 то 10 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот мусоҳибон оид ба муайян намудани афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушд, аз ҷумла чорабиниҳое, ки тавассути Барномаи шарикӣ бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд, суҳбат намуданд.

Муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз таъмини рушди иқтисодиёт дар солҳои охир сухан карда, оид ба лоиҳаи бузурги стратегӣ – «НБО Роғун» ва манфиатовар будани сохтмони иншооти мазкур на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя ибрози назар намуд. Ҷамолиддин Нуралиев дар мавриди хусусияти минтақавӣ доштани лоиҳа, фароҳам омадани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба қувваи барқи арзон ва муфид барои кишварҳои минтақа таъкид намуда, барои саҳмгузории Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз дар ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «НБО Роғун» даъват ба амал овард.

Мусоҳибон инчунин оид ба як зумра масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли рушди иқтисодиёт, рафти корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО «Роғун», саҳми барориши Евробондҳо дар татбиқи ин лоиҳа,  ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «CASA-1000», ислоҳот дар соҳаи энергетика ва соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, рафти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба корҳои зиёди анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун», мавҷуд будани ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин иншооти стратегӣ, эҳтимолияти дурнамои содироти неруи барқ дар минтақа, таҷдиди ШСХК «Барқи тоҷик»  ва масъалаҳои муҳими иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳадафи сафари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон баррасии Стратегияи миллии рушд ва омодагии пешакии ҳисоботи таҳлилӣ оид ба оқибатҳои макрофискалии сармоягузорӣ ба Неругоҳи барқии обии «Роғун»  арзёбӣ мегардад.

Апрель 3, 2019 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад