«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки давлатии рушди Чин тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 23.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин дар мулоқоти раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Чин таҳти роҳбарии Фен Дже дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Фен Дже изҳор намуд, ки Бонки давлатии рушди Чин «Амонатбонк»-ро ҳамчун шарики боэътимоди худ дар байни бонкҳои Тоҷикистон этироф намуда, ҷонибдори ҳамкории самаранок аст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Чин баррасӣ гардиданд. Дар ин росто ҷонибҳо дар доираи ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи июни соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, ҷиҳати ба имзо расонидани санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин дар доираи густариши ҳамкорӣ масъалаи бозомӯзии кормандони «Амонатбонк» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
Ҳадафи ташрифи ҳайати Бонки давлатии рушди Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории молиявии Бонки давлатии рушди Чин бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошад, меафзояд манбаъ.
Мусаллам аст, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» зарфи беш аз 10 сол аст, ки бо Бонки давлатии рушди Чин ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи «Амонатбонк» сурат мегирифтанд, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар ду бонк аъзои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






