Ҷавонони тоҷик дар 8-умин олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон соҳиби Шоҳҷоиза ва 7 медали тилло гардиданд

Апрель 15, 2019 14:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷавонону  наврасони тоҷик  дар 8-умин Олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон  дар Малайзия аз фанни физика ва химия сазовори ҷойи аввал гардида, Шоҳҷоиза ба даст оварданд.       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  8- умин Олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон аз 12 то 14 апрели соли равон  баргузор шуда, дар он намояндагони   25 давлати дунё  иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин олимпиада  Маҳваш Қурбонова (1), Маҳноза Кабирова (1), Субҳиноз Беғамова (1), Меҳроб Қосимов (1), Акмал Кингаков (1), Муҳаммад Боқиев (1), Сиёвуш Султонзода (1), Фариддун Муродов (2), Хусрав Муродзода (2), Меҳрон Нуралиев (3) ва Рустам Зиёев (3) муаррифӣ намуда, бо нишон додани беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмии хеш  соҳиби  7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Маҳваш Қурбонова ва Маҳноза Кабирова волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамзамон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-2018 мебошанд.

Апрель 15, 2019 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд