Аз Хуҷанд ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот гардидааст

Апрель 11, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 11.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар шаҳри Хуҷанд зиёд шуда, аз ҷониби 10 адад корхонаи саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот карда шудааст. Дар ин бора зимни маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд, ки доир ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон доир гардид, маълумот дода шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлиси фаъолон муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлати шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 269,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,2 фоизро ташкил медиҳад. Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1735 адад расидааст. Ҳамзамон  теъдоди умумии кормандон 925 адад зиёд шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ ба 161 адад расидааст.

Таъкид гардид, ки дар шароити ташаккули иқтисоди бозаргонӣ раванди иҷрои буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфтааст. Дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 96,0 миллион сомонӣ ворид шуд.

Апрель 11, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад