Байни Асосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Урдун ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

Апрель 24, 2019 15:21

ДУШАНБЕ,24.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Байни  Асосиатсияи  сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои санади мазкур хамкории  иморатсозони Тоҷикистону  Урдунро  тақвият бахшида, барои  дар оянда рушд ёфтани он шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки   ин санади ҳамкорӣ  дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва аъзои Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба Тоҷикистон, ки аз 15 то 21 апрели соли равон сурат гирифт,  ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи сафари  аъзои Ассосиатсияи  ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии  Ҳошимиии Урдун ба Тоҷикистон  ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои ватанӣ, табодули таҷриба дар соҳаи  меъморӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сохтмонӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи  иттилои манбаъ, зимни сафар ба Тоҷикистон  ҳайати соҳибкорону намояндагони Ассосиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии  Ҳошимии Урдун бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва як зумра  ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ мулоқот анҷом дода, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти аз ҷониби  ширкатҳои ватанӣ бунёдшаванда боздид намуданд.

Апрель 24, 2019 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид