Беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифати воридотӣ аз қаламрави гумрукии Тоҷикистон хориҷ карда шуд

Апрель 11, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 11.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 219 тонна гӯшти мурғи аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори  ватанӣ воридшуда пастсифат арзёбӣ гардида, аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ  хориҷ карда  шуд.

Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт»  зимни  гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳи Агентӣ намунаи гӯшти мурғи воридотиро ташхис намуданд. Дар натиҷа он пастсифат баромада,  ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷавобгӯ набуд.

Дар ин росто, бо сабаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти мушаххаси истеъмолӣ надоштани маҳсулоти пешниҳодгашта ва ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ набудан ба мақсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд ва аз қаламрави гумрукии мамлакат бароварда шуд.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. Соли равон дар Агентии «Тоҷикстандарт» ду маротиба мулоқоти масъулони Агентӣ бо соҳибкорон — воридкунандагони маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодӣ баргузор гардид.

Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам аз ҷониби соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воридоти беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷи кишвар  шаҳодати  ин гуфтаҳост. Ҳол он ки  таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Апрель 11, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд