Дар Давҳа музокироти мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар ҷараён дорад

Апрель 23, 2019 08:31

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ  «Ховар»/. 21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа –пойтахти Давлати Қатар музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар таҳти раҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Давлати Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ оғоз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни музокирот Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ ҷараёни татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин росто иҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоиро, ки зимни  сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкории техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои ҳамдигар бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.

Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин  21 апрели соли 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд.

Апрель 23, 2019 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд