Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 36-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия» ба кор оғоз намуд. Ҷаласаи мазкур, пагоҳ, 26 апрел кори худро идома медиҳад.
Масоили аввалиндараҷаи ҷаласаи мазкурро, ба ғайр аз ҳисоботи инфродӣ, муҳокимаи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ, ташкили Хадамоти байналмилалии аэронавигатсионӣ –МАС «Восток», таҳкими ҳамкории минбаъда ва дигар мавзӯҳои ба ин самт марбут ташкил доданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони беш аз 15 кишвари дуру наздик ва зиёда аз 80 мутахассиси соҳаҳои мухталифи индустрияи аэронавигатсия иштирок доштанд.
Тавре масъулини Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷаласа ғайр аз ҳайатҳои корхонаҳои аэронавигатсионӣ иштироки намояндагони ширкатҳои машҳури ҷаҳонии INDRA (Испания), ERA a.s. (Чехия), ҶСП «Пеленг», ҶС «Концерн ВКО «Алмаз-Антей», ҶС «Концерн «МАНС», ҶСП «ВНИИРА-ОВД», ҶСК «Азимут», ҶСО «НПО «Алмаз», ГКИ «Корпоратсия «ТИРА», ҶСО «Прибой», ҶДММ «Монитор-Софт», ЧДММ «НИТА» -и Федератсияи Россия ва намояндагони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), Асотсиатияи байналмилалии нақлиёти ҳавои (ИАТА), Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), провайдери таъминоти аэронавигатсионии «DFS»-и Олмон, Агентии таҳлилии консултативии «Бехатарии парвозҳо», Донишкадаи аэронавигатияи Федератсияи Россия, инчунин Маркази омӯзишии «Алмон Тур»-и Ҷумҳурии Чехия даъват гардидаанд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр намуд, ки имрӯз дар ҷаласа масъалаи таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании давлатҳои аъзоҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул карда мешаванд.
И. Субҳонзода ҳамчунин иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласа, мутобиқ намудани фаъолияти кории сохторҳои дахлдори аэровигатсионӣ ба талаботи замони муосир, пайваст намудани хатҳои нав ва убур намудани фазои ҳавоии кишвар, пешниҳод намудани роҳҳои алтернативии ҳавоӣ барои убур намудани фазои ҳавоии якдигар ва табодулли таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ШҲ «Евразия» соли 1999 ташкил ёфта, дар ааввал муассисони он ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия буданд. Пасон ба ҳайси аъзои доимии Шӯро ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон ворид шуданд.
Бояд илова намуд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» бо мақсади тадбиқи «Консепсияи ҳамоҳангкунии низомҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ», ки аз тарафи сарони давлатҳои азои ШҲ «Евразия» қабул гардидааст, таъсис дода шуда, баҳри таъмини максиамлии имконпазирии дараҷаи ҳамоҳангии стандартҳо ва амалиёти расмиётӣ, ҳамчунин ташкили ҷараёни амалкарди якҷояи низомҳои аэронавигатсионии миллӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин бузургтарин истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва марказҳои таълимии соҳавии Россия, Аврупо ва ИМА нозирони доимии ташкилоти мазкур мебошанд. Дар шумули нозирони доимии Шӯро ҳамчунин Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) ва Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) қарор дорад.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






