Дар Душанбе ҷанбаҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Апрель 30, 2019 13:13

ДУШАНБЕ, 30.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Ҷанбаҳои стратегии  рушди  иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон» дар ҷараёни ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои   марбутаи мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва коршиносон доир гардид, баррасӣ шуд.

Ҳабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш паҳлуҳои асосии  рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакатро муҳокима намуда, зикр карданд, ки  рушди устувори минтақаҳои Тоҷикистон  дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ин аст, ки  бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо барномаҳои гуногуни давлатӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар минтақаҳои кишвар  мусоидат менамояд. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ба рушди минтақаҳои мамлакат нигаронида шудааст. Инчунин  дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030  ба рушди иқтисодию иҷтимоиии минтақаҳои кишвар афзалият дода шудааст.

Иштирокдорони ҳамоиш зимни маърӯзаҳои пурмӯҳтаво  паҳлуҳои асосии  рушди минтақаҳои мамлакат, назири дастгирӣ  ва рушди соҳибкорӣ  дар маҳалҳо,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираю  имкониятҳои сайёҳӣ, зеҳнӣ, меҳнатӣ,  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, маориф  ва дигар бахшҳои иҷтимоиро матраҳ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Мусаллам аст, ки бо амалӣ гардонидани яке аз ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат  Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-саноатӣ табдил дода мешавад. Инчунин дар иртибот ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сатҳу сифати  зиндагӣ дар деҳот баланд бардошта шуда,  ба сатҳи шаҳр бароварда мешавад. Бунёд ва ба истифода додани   инфрасохтори гуногуни бахши иқтисодию иҷтимоӣ ва  хизматрасонӣ дар минтақаҳои гуногуни  кишвар, ки имрӯзҳо ба ҷабҳаи бузурги  созандагӣ табдил гардидааст, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Апрель 30, 2019 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид