Дар Душанбе ҳаштумин намоишгоҳ – ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе — 2019» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаштумин намоишгоҳ – ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе — 2019» оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоишгоҳ аз ҷониби намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия, мавсум ба «Россотрудничество» дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия гузаронида мешавад.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов, роҳбарияти «Россотрудничество» ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ намояндагони 53 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия иштирок доранд.
Зимни намоишгоҳ роҳбарон ва намояндагони ин муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии Россияро доранд, дар бораи таълимгоҳҳои мазкур маълумот дода, онҳоро бо касбу ихтисос ва шароити таҳсил шинос менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳ давоми се рӯз, яъне то 12 апрел ҷараён гирифта, зимни он гузарондани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, вохӯрӣ, гуфтушунидҳо, имзои шартномаю тавофуқномаҳо байни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳамкорӣ ва таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои ҳамдигар пешбинӣ шудааст.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






