Дар Душанбе Фестивал ва Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори баҳорӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Си Эйч Эл Интернэшнл» дар саҳни бинои меҳмонхонаи «Ҳилтон-Душанбе» Фестивал ва Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори баҳорӣ» («Spring Market») баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Фестивал ва Намоишгоҳи баҳорӣ ба Рӯзи Пойтахт ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар, доираи корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигар маҳсулоти миллӣ, ҷалб карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки намоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ бо услуби муосир тибқи талаботҳои байналмилалӣ ороиш дода шуд.
Дар намоишгоҳи баҳорӣ ҳамчунин муассисаҳои хӯроки умумӣ, ҳунармандоне, ки ба кордсозӣ, мисгарӣ, ба дӯхтани чакан, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ ва табақтарошӣ ва дар маҷмуъ равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд ва ширкатҳои мобилӣ имкониятҳои худро ба марази тамошо гузоштанд. Бояд гуфт, ки намояндагони тарабхонаҳову қаҳвахонаҳои кишвар ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе таомҳои гуногун ва шириниҳоро пешкаш карда, барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ доир шуд.
Ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва фурӯши он, муаррифии анъанаҳо ва хурокҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишвар арзёбӣ мегардад.
Чорабинии мазкур 28 апрел низ идома меёбад.























РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






