Дар Душанбе самаранокии татбиқи сиёсати асъорӣ дар низоми бонкӣ баррасӣ гардид

Апрель 29, 2019 13:38

ДУШАНБЕ, 29.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Самаранокии татбиқи сиёсати асъорӣ дар низоми бонкӣ  дар  ҷаласае, ки бо иштироки роҳбарияти  Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинадорони ташкилотҳои  қарзии кишвар дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа  пешгирӣ ва таҳлили таъсири хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон ба низоми бонкии ҷумҳурӣ, вазъи қурби пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, роҳҳои нигоҳ доштани муътадилии он соли равон мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкиро дар соли 2018 таҳлил карда, аз беҳтар шудани сифати сандуқи қарзӣ ва коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар он, зиёд шудани амонатҳо ва ҳамзамон беҳтар гардидани вазъи низом дар се моҳи аввали соли 2019 сухан гуфт. Зикр шуд, ки рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар се моҳи соли равон нисбат ба се моҳи соли 2018 беҳтар гардида, таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинигардида таъмин карда шуд.

Инчунин муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев доир ба сиёсати қурбӣ дар кишвар, татбиқи дуруст ва самараноки сиёсати асъорӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ сухан карда, дар ин самт риояи талаботи муқарраргардидаро муҳим арзёбӣ намуд.  Зикр гардид, ки  пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ бо риояи талаботи муайяншуда, беҳтар кардани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар низом, татбиқи самараноки сиёсати монетарӣ ва асъорӣ бо имконоти истифодаи фишангҳои муосири бонкӣ ва ба ин васила, таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба манфиати аҳолӣ муҳим мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба  самаранокии татбиқи сиёсати асъорӣ дар низоми бонкӣ аз ҷониби масъулини Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори БМТ маълумот дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод гардид, ки дар он нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар соли 2018, тамоюли тағйирёбии воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ, тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар давлатҳои шарикони асосии савдо ва вазъи бозори хизматрасониҳои интиқолӣ таҳлил ва баррасӣ шудааст.

Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти БМТ ба роҳбарони аввал ва хазинадорони ташкилотҳои қарзӣ дар  самти устувории пули миллӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолии асъорӣ бо назардошти таъсири омилҳои беруна, фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ дар самти хизматрасониҳои низоми бонкӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, васеъ намудани шабакаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳо ва риояи муқаррароти ҷорӣ дастур дода шуд.

Апрель 29, 2019 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд