Дар Хатлон масъалаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Апрель 25, 2019 16:31

ДУШАНБЕ, 25.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар -маркази маъмурии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот» бо иштироки   соҳибкорон, роҳбарон ва масъулони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ,  кешбофӣ ва дӯзандагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нишаст доир гардид.

Вохурӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои  нави ҷумҳурӣ,  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон  созмон дода шуд. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Зимни ин нишаст роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта- ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дӯзандагии вилоят дар якҷоягӣ бо дигар иштирокдорон доир ба    муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо  муколамаи озод намуданд, ки он дар  рушди минбаъдаи ин соҳа манфиат меорад.

Апрель 25, 2019 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд