Дар Хоҷагии таълимию таҷрибавии «Ёвон-1»-и Донишгоҳи аграрӣ чигити навъҳои «Дӯстӣ», «Флора» ва «Хуҷанд-67» кишт менамоянд
ЁВОН, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони ноҳияи Ёвон дар хоҷагии таълимию таҷрибавии «Ёвон-1»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ба кишти чигит оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дорои 800 гектар замини корам мебошад. Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи «Дӯстӣ», «Филеш», «Флора» ва «Хуҷанд-67» мекоранд. Зеро ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд. Ҳамчунин дар хоҷагӣ дар 200 гектар ғалладонагӣ, 5 гектар картошка ва 1 гектар пиёз кишт гардидааст.
Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол кишоварзони ноҳия аз рӯйи нақша дар майдони 10956 гектар чигит кишт менамоянд. Хушбахтона, пахтакорон аз ҳавои мусоид истифода бурда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба воситаи 69 адад тухмипошак дар масоҳати 555 гектар чигит корида истодаанд.
Хоҷагидорони ноҳияи Ёвон то имрӯз 6115 гектар ғалладонагӣ, 1029 гектар сабзавот кишт намудаанд, ки аз он 819 гектар пиёз, 80 гектар сабзӣ, 110 гектар карам ва 352 гектар ҷав мебошад.
Сармуҳандиси идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон Низомиддин Набиев гуфт, ки «дар тавозуни корхона 16 пойгоҳи обкашӣ, 68 адад дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва 179 километр каналу шохобҳо мавҷуданд. Мо тавассути онҳо зиёда аз 22 ҳазор гектар заминҳои корами обии ноҳияи Ёвон ва қисман ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро бо об таъмин менамоем. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019 дар асоси нақшаи таҳиягардида 53 километр шохобҳо тоза карда шуд, 32 иншооти гидроэнергетикӣ, 18 адад дидбонгоҳҳои обченкунӣ, 52 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 14 адад трансформатор ва 75 адад силсилаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардем. Имрӯзҳо дар ноҳия корҳои тозакунии заҳбуру шохобҳо идома доранд ва мо барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода мебошем».








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






