Дар Хоҷагии таълимию таҷрибавии «Ёвон-1»-и Донишгоҳи аграрӣ чигити навъҳои «Дӯстӣ», «Флора» ва «Хуҷанд-67» кишт менамоянд

Апрель 6, 2019 09:33

 ЁВОН, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони ноҳияи Ёвон дар хоҷагии таълимию таҷрибавии «Ёвон-1»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Хоҷагии мазкур дорои 800 гектар замини корам мебошад.  Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи «Дӯстӣ», «Филеш», «Флора» ва «Хуҷанд-67» мекоранд. Зеро ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд. Ҳамчунин дар хоҷагӣ дар 200 гектар ғалладонагӣ, 5 гектар картошка ва 1 гектар пиёз кишт гардидааст.

Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол кишоварзони ноҳия аз рӯйи нақша дар майдони 10956 гектар чигит кишт менамоянд. Хушбахтона, пахтакорон аз ҳавои мусоид истифода бурда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба воситаи 69 адад тухмипошак дар масоҳати 555 гектар  чигит корида истодаанд.

Хоҷагидорони ноҳияи Ёвон то имрӯз 6115 гектар ғалладонагӣ, 1029 гектар сабзавот кишт намудаанд,  ки аз он 819 гектар пиёз, 80 гектар сабзӣ, 110 гектар карам ва 352 гектар ҷав мебошад.

Сармуҳандиси идораи давлатии беҳдошти замин  ва обёрии ноҳияи Ёвон Низомиддин Набиев гуфт, ки «дар тавозуни корхона 16 пойгоҳи обкашӣ,  68 адад дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ  ва 179 километр каналу  шохобҳо мавҷуданд. Мо тавассути онҳо зиёда аз 22 ҳазор гектар заминҳои корами обии ноҳияи Ёвон ва қисман ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро бо об таъмин менамоем.  Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019 дар асоси нақшаи таҳиягардида  53 километр шохобҳо тоза карда шуд, 32 иншооти гидроэнергетикӣ, 18 адад дидбонгоҳҳои обченкунӣ, 52 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 14 адад трансформатор ва 75 адад силсилаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардем. Имрӯзҳо дар ноҳия корҳои тозакунии заҳбуру  шохобҳо идома доранд ва мо барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода мебошем».

Апрель 6, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд