Дар ҳошияи Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 17, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16-17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Москва хабар медиҳад, дар кори Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва доираҳои соҳибкории ҳарду давлат иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чорабинии мазкур миёни ҳарду давлат ба раванди татбиқи якчанд лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва ташаббусҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳанг ва маориф мусоидат хоҳад кард. Конфронс ҳамчунин шароити муносибро ҷиҳати муколамаи созанда дар масоили муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва минтақавӣ фароҳам овард.

Дар доираи барномаи соҳибкорӣ низ ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳои корӣ доир шуда, муаррифномаҳои мавзӯӣ пешкаш гардиданд.

Кори ҷаласаи васеи Конфронси ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россияро паёмҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳусни оғоз бахшид.

Зимни ҷаласаи пленарӣ ва мизҳои мудаввар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва Раиси Шӯрои директорони КВД «Талко» Шералӣ Кабир суханронӣ намуданд.

Дар доираи кори мизҳои мудаввари мавзӯӣ роҷеъ ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ, саноат ва инфрасохторӣ, инчунин равобити гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла, масъалаҳои диверсификатсияи таҳвили мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ, хариди таҷҳизоти соҳаи кишоварзии истеҳсоли Россия, сатҳи рушди саноати ғизоӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои иштироки сармояи Россия дар он, таъсиси марказҳои тақсимоти маҳсулот, ҳамгироии мудирияти давлатӣ тавассути имкониятҳои ҳам рақамӣ ва ҳам ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин роҳандозии ҳамкории кооператсионӣ миёни муассисаҳои Тоҷикистон ва Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҳошияи конфронс Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ВЭБ Инжиниринг”, Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ВЭБ Инжиниринг”, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Агентии содиротии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “Маркази содиротии Россия” дар соҳаи татбиқи маҷмӯии тарҳҳои иқтисоди хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

Бояд зикр кард, ки ҳамчунин Ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистону Россия дар мавзӯи “Роҳи муштарак дар масири иқтисоди оянда” барпо гардид, ки зимни он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкории ҷавонон мавриди табодули афкор қарор гирифт.

Дар ҳошияи Ҳамоиш Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералӣ оид ба корҳои ҷавонони Федератсияи Россия, инчунин Созишнома дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҳамкории байналмилалӣ дар бахши ҷавонон миёни Созмони ҷамъиятии “Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон” ва Созмони ҷамъиятии  умумироссиягии “Иттиҳоди ҷавонони Россия” ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмӯъ кори Конфронс ва ҳамоиши ҷавонон чун анъана дар фазои ҳусни эътимоду тафоҳум баргузор шуда, ибрози ақида ва афкор аз лиҳози мазмун пурмуҳтаво буданд. Ин сабаби табодули таҷрибаи хуб миёни иштирокдорони он чорабиниҳо гардид.

Апрель 17, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» таҳия гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Хадамоти алоқа дар доираи ин солҳо иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
Дар Душанбе созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд ба имзо расиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба Лондон, Будапешт, Сеул, Шармулшайх ва Риёз парвозҳои ҳавоӣ амалӣ мегарданд
Маркази минтақавии Тоҷикистон сазовори мақоми Маркази минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳи Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад