Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид

Апрель 8, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 6-7 апрели соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи муштараки «Дастгирии ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар чаҳорчӯби ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон», Ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  баргузор гардид.

Ҳамоиш барномаи байналхалқӣ буда, бо мақсади равнақ бахшидани дӯстӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, пешгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодканди ду ҳамсоякишвар равона гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиш кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони касбу кори гуногун аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даъват гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовири Вазири корҳои дохилӣ Ориф Ҷураев ва ҷониби меҳмононро муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Қирғизистон Арстан Усанов роҳбаладӣ менамуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи мазкур бо иштироки фаъолонаи ҷонибҳо суҳбати «мизи мудаввар» ва мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифтанд.

Апрель 8, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд