Дар Восеъ сифати маҳсулоти хӯрокворӣ пайваста санҷида мешаванд
ВОСЕЪ, 13.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои пайваста ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва соҳибкорон миқдори маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта дар марказҳои савдо ва бозорҳо коҳиш ёфтааст. Аммо баъзе соҳибкорон то ҳол қоидаҳои санитарию эпидимиологиро риоя накарда, хилофи қонунҳои амалкунанда чунин маҳсулотро ба фурӯш мебароранд.
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратураи ноҳия дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида, дар натиҷа як миқдор маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузаштаро аз муомилот боздошт карданд. Давоми ду моҳи соли равон беш аз 400 киллограмм маводи пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта ошкор ва аз савдо гирифта шудааст.
Тавре сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии ноҳия Абдуқодир Сафарзода иттилоъ дод, давоми ду соли охир ба савдо баровардани маҳсулоти истеъмолашон гузашта кам шудааст, вале то ҳол баъзе соҳибкорон коидаҳои санитарию эпидимиологиро риоя намекунанд. Кормандони прокуратура барои коидавайронкуниҳо нисбат ба як зумра соҳибкорон ҷазо ва ҷарима таъйин намуданд.
Ба гуфти ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ Олимҷон Олимов, бо гарм шудани ҳаво бемориҳои сироятӣ хуруҷ мекунанд. Ба хуруҷи ин гуна бемориҳо истифодаи маводи пастсифати хӯрокӣ ва муҳлати истеъмолаш гузашта мусоидат мекунад. Аз ин рӯ кормандони марказ ва дигар ниҳодҳо дар оянда ҳамин гуна санҷишҳоро бештар мегузаронанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






