Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид

Апрель 15, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардид. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи Фестивал-озмун муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён аҳли санъату театрро бо ифтитоҳи он табрик намуда, иброз дошт, ки театр дар таърихи беш аз се ҳазорсолаи худ дар тамаддуни башар иникосгари вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум эътироф гаштааст.

Зикр гардид, ки имсол фестивали мазкур ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов  ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

«Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳ бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои  ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд», -афзуд Обид Назариён.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун мегузоранд.

Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре- «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Апрель 15, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд