Кӯчаҳои марказии Нуробод ба номҳои Нусратулло Махсум, Асадулло Ғуломов ва Абдуқаҳҳор Азизов номгузорӣ шуданд

Апрель 13, 2019 10:03

НУРОБОД, 13.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғиби анъанаҳои миллӣ, эҳёи номҳои таърихӣ ва суннатҳои неки номгузории аҷдодон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод як зумра  кӯчаҳои навбунёди шаҳраки Дарбанд ба номи шахсиятҳои шинохта номгузорӣ шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бо ин қарор номи кӯчаҳои марказии  шаҳраки Дарбанд  ба номҳои  Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов ва Абдуқаҳҳор Азизов, ки дар рушду инкишофи ин ноҳия саҳси сазовор гузоштаанд,  номгузорӣ шуданд.

Сокинони ноҳия баҳри зинда нигоҳ доштани номи ин шахсиятҳои таърихӣ ва тарғиби заҳмату матонати онҳо дар ободии Ватан ҳамеша кӯшиш менамоянд. Зеро ин шахсиятҳо  дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ва ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидаанд.

 

Апрель 13, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд