Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хатарҳои эҳтимолии боришоти нимаи дуюми моҳи апрел ҳушдор медиҳад

Апрель 10, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 10.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоиди боронӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар аст.

Тавре аз Кумита ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, шиддати борон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва ё теппаҳо сабаби фарсоиши хок  ва ҳаракати он мешавад, сатҳи об дар рӯдхонаю обанборҳо боло рафта,  сабаби зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағжиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳо селрав хатари бештар дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба соҳили дарёҳо ё ба моҳидорӣ раванд. Кумита аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки бехатарии шахсии худро риоя кунанд, дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барои сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои дорувор нараванд. Бахусус, кӯдаконро бояд  бе назорат нагузошт  ва ба ҳар амали онҳо бештар таваҷҷуҳ бояд кард.

Кумита инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки барои эҳтиёт мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳоеро, ки дорои алоқаи устувор ҳастанд, нигоҳ доранд, дорухонаи хонаводагиро бо доруҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад чӯйборҳо ва обравҳои назди хонаҳои худро тоза нигоҳ доранд, то онҳо аз партовҳо пур нашаванд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо, Кумита аз ронандагон  хоҳиш мекунад, ки шабонгаҳон суръати ҳаракати мошинро ҷиҳати риояи бехатарӣ коҳиш диҳанд. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд, бахусус дар рӯзҳои боронӣ ва ҳавои торик суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд.

Кумита ба касоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд, тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои зарурӣ бигиранд.

Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъи хатарнок шаҳрвандон метавонанд бо рақами 112 ва ё ба бахши навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо телефонҳои 93 880 28 19 ва  223 13 11 занг зананд.

Апрель 10, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ