Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Дар се моҳи сипаригардида зиёда аз 500 офати табиӣ ба қайд гирифта шуданд»

Апрель 16, 2019 14:17

ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи сипаригардидаи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 500 офати табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расониданд.

Дар ин бора зимни ҷаласаи мушовараи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумита Рустам Назарзода баргузор гардид, гуфта шуд.

«Диққати асосӣ ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, фаъолиятҳои ҳамарӯзии неруҳои мусаллаҳи Кумита, таъминоти ақибгоҳ, истифода, нигоҳдошт ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ ва ба вуҷуд овардани шароит барои хизмати ҳарбии сарбозон зоҳир карда шуд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Рустам Назарзода таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои Кумитаро ба омодагии фаврӣ ва касбиву босаводона дар вокуниш ба лағжиши эҳтимолии тарма, омадани сел, сангрезишҳо, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар давраи баҳор ва тобистон ҷалб намуд.

«Ба роҳбарони раёсатҳои дахлдор супориш дода шуд, ки оид ба омӯзишҳои иловагии минтақаҳои хатарзо гурӯҳҳои махсус созмон дода, миёни аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ тамринҳои ғайринавбатӣ ба роҳ монанд», — илова намуд манбаъ.

Апрель 16, 2019 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ