Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хоруғ соҳиби чор мошини тамғаи «Toyota» гардид

Апрель 18, 2019 13:44

ХОРУҒ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази ёрии аввалини тиббии шаҳри Хоруғ соҳиби чаҳор мошини муосири  тамғаи «Toyota» гардид. Ин кумак дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Сафорати Амрико дар соҳаи ҳифзи сиҳатии мардум сурат гирифт.

Сардухтури маркази мазкур Давлат Алиназаров аз чунин дастгирӣ изҳори хушҳолӣ карда гуфт, ки «ин намуди мошинҳо барои иқлиму табиати минтақаи кӯҳистон мувофиқ ва мутобиқанд. Бо мошинҳои кӯҳна дар фасли зимистон ба маҳаллаҳое, ки дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд, баромадан душвор буд. Дар ҳоле ки бемори вазнин ба ёрии фаврӣ ниёз дошт, бо онҳо вақти зиёд сарф мешуд. Ҳарорати ҳавои даруни мошин низ сард буд. Ҳоло ҳамаи ин мушкилот паси сар шуданд. Умедворам, ки ҳамкасбони мо бо истифода аз чунин шароити мусоид  хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар ба роҳ мегузоранд».

Сардухтури беморхона аз кормандони бахши техникии марказ даъват кард, ки воситаҳои нақлиётро дуруст ҳифзу нигоҳбонӣ кунанд. Дар шароити кӯҳистон ҳар сари чанд вақт бояд воситаҳои нақлиёт мавриди ташхиси техникӣ қарор гиранд. Ҳатто як нуқси кучаки техникӣ метавонад ҳам барои ронанда ва ҳам мусофирон хатари ҷиддӣ эҷод кунад.

Апрель 18, 2019 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ