Моҳи майи соли 2019 барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО «Қайроққум» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2019 дар шаҳри Гулистон татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» оғоз мегардад. Мувофиқи лоиҳа, таҷдиди асосии неругоҳ ва иншооти ёрирасону гидротеникии он бояд марҳила ба марҳила аз нав карда шуда, иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 174 МВт расонида шавад.
Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ хабар дод, лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва «Фонди байналмилалии иқлими сабз» дар ду марҳила амалӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати татбиқи лоиҳа аз оғози корҳо то интиҳо 57 моҳро ташкил медиҳад. Маблағи марҳилаи якуми лоиҳа 71 миллион доллари ИМА ва дар марҳилаи дуюм 88 миллион доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 159 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Алҳол пудратчии асосии марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» низ муайян гардидааст.
Бино ба маълумоти Илҳом Мадализода, дар семоҳаи аввали соли 2019 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 14,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим ҷалб гардидаанд. Аз он 2,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 12 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошанд.
Сармоягузории хориҷӣ- ин сармоягузории мустақим буда, аз тарафи сармоягузорони хориҷии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» таҷҳизоти иловагии истеҳсоли ришта аз Германия ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли қолинҳо ворид карда шудааст. Инчунин аз тарафи ширкати ватании ҶДММ «Маҳмуд ва Ко» ба маблағи 12 миллион сомонӣ корхонаи арматура ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», аз ҷумла дар шаҳри Гулистон низ амалӣ гардида, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо маблағҳои кредитӣ ва грантӣ дар ҳаҷми умумии маблағи лоиҳавии 2, 4 миллион доллари ИМА идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи мазкур дар самти «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Гулистон» корҳои хобонидани зиёда аз 12 ҳазор (12384) метр қубурҳои полиэтиленӣ ва мумфаршкунии роҳи мошингард ба анҷом расид. Инчунин дар самти «Барқарорсозии чоҳ, истгоҳи насосии кӯтали 2-юм ва технологияи коммуникатсионӣ, сехи хлоркунӣ дар шаҳри Гулистон» корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа 5 техникаи махсуси коммуналӣ, 5 таҷҳизоти таъмирӣ ва ёрирасон, 7 таҷҳизоти лабораторӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани санҷиши оби нӯшокӣ ва як трактор харида шуд. Дар маҷмӯъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар шаҳри Гулистон 2296,2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуда, лоиҳа дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






