Мутахассиси «Тоҷикстандарт» соҳиби унвони «Метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ» гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон- сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода бо унвони ифтихории «Метрологи хизматнишондодаи Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» (КООМЕТ) ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин унвон мукофотонидани мутахассиси бахши метрологии Тоҷикистон дар радифи мутахассисони кишварҳои хориҷӣ дар ҷаласаи 29-ми КООМЕТ, ки аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Дрездени Германия доир гардид, дар таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо КООМЕТ бори аввал буда, мояи ифтихор аст. Зеро дар байни 21 пажӯҳишгоҳи миллии метрологӣ ҳамагӣ 5 нафар ба ин унвони ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Мусаллам аст, ки дар ҷаласаи 29-уми Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» (КООМЕТ) намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Босния ва Ҳерсеговина, Германия, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Куба, Қирғизистон, Литва, Молдова, Россия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва байниминтақавии метрологӣ, аз қабили BIPM, ОIML, EURAMET, WELMEC, APMP иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода ва сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак Ҷӯрахон Раҳимзода намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои такмили фаъолияти КООМЕТ, аз ҷумла фаъолият оид ба маҳакҳо, ҷараёни амалишавии низоми идоракунии сифат дар пажӯҳишгоҳҳои миллии метрологӣ ва масъалаҳои татбиқи Созишномаи CIPM MRA мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






