Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммерншайм мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммерншайм мулоқот намуд.
Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзӯи вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни мувофиқа ва татбиқ намудани барномаҳои сатҳи минтақавӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар мамлакат, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми мулоқот тарафҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ҳавасмандии худро баён доштанд.








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд






