ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон боронҳои пуршиддат меборанд

Апрель 24, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок  шуда, боронҳои пуршиддат меборанд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар  шарқи вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 11-16  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, борони шиддатнок меборад. Ба амал омадани сел дар назар аст. Дар   баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр  барф  меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 19-24 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона ва  рӯзона  3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони шиддатнок меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  ва   рӯзона 7-12   дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, боронҳои  шиддатнок меборанд. Дар  баъзе ноҳияҳо борони  пуршиддат  борида, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Раъду  барқ ба амал омада, боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рўзона 9-14  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона ва  рўзона 6-11  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда,  боронҳои шиддатнок меборад.  Дар  баъзе ҳолатҳо  борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  ва  дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона ва рӯзона 11-13   дараҷа гарм мешавад.

Апрель 24, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ