ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Апрель 8, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борон  меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 13-18  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба самти ғарб бо суръати   4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 21-26 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.      Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  7-12   ва   рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар  баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 2,5 ҳазор  метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9  ва  рўзона 14-19  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 25-27  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 8, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад