ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 27.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рўзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад






