Пахтакорони Турсунзода бо истифода аз ҳавои мусоид рӯзе дар 100 гектар чигит кишт мекунанд
ТУРСУНЗОДА, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Турсунзода то имрӯз зиёда аз 600 гектар чигит ва 8915 гектар ғалладонагиҳо кишт намудаанд.
Масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода мегӯянд, ки деҳқонони ноҳия аз ҳавои мусоид самаранок истифода карда, дар як рӯз ба воситаи 30 адад тухмпошакҳо беш аз 100 гектар кишти чигит мегузаронанд.
Имсол дар асоси нақшаи таҳиягардида кишоварзони шаҳри Турсунзода бояд дар 14011 гектар ғалладонагӣ, 2800 гектар пахта ва 500 гектар шолӣ кишт намоянд. Аммо боронҳои пайдарпайи ҳафтаҳои охир ба ҳама намуди кишти зироат монеа эҷод намудаанд.
Масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки барои сари вақт таъмин намудани зироати кишоварзӣ бо оби полезӣ дар масоҳати 12 км заҳбуру заҳкашҳоро ба миқдори 44 ҳазор метри кубӣ тоза намуда, дастгоҳҳои обкашии панҷ пойгоҳи обкашро таъмири ҷорӣ намудаанд. Дар айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






