Покии соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъа гарави саломатии сокинони поёноби дарёи Панҷ мебошад
ХОРУҒ, 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи ризокорони шаҳри Хоруғ давоми як моҳи охир дар роҳандозии амалиёти «Соҳили пок» партовҳоро аз соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъа ҷамъ оварда, бо баргузории як барномаи зеҳнию экологии намунае аз партовҳоро дар маърази умум гузоштанд.
Яке аз ризокорон Мижгона Қурбонмаҳмадова иброз дошт, ки «аксарияти ин партовҳо, ки аз соҳили дарёҳо ҷамъоварӣ шудаанд, марбут ба маводҳои зарарноки пластикӣ мебошанд. Олимон баъди омӯзиши таркиби маводҳои пластикӣ аз ҳамаи корхонаҳо даъват мекунанд, ки аз ҳама гуна қуттию бастаҳои пластикӣ барои интиқоли обу ғизо худдорӣ варзанд. Алъон аксари давлатҳои пешрафта бештар аз қуттиҳои аз маҳсулоти табиӣ тавлидшуда баҳра мебаранд. Дар ин намоишгоҳ мо намунаҳое аз маводҳои пластикиро, ки аз соҳили дарё ҷамъ овардем, ба намоиш гузоштем ва дар бораи таъсири манфиашон ба табиату инсон, ба олами набототу ҳайвонот маълумоти муфассал пешниҳод кардем. Ҳамчунин чанд намуди дастурамалҳоро дар шакли варақа ба иштирокдорони ин барномаи зеҳнию экологӣ тақдим намудем».
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ гуфт, ки бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои маърифатӣ теъдоди нафароне, ки партову ахлотро дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва соҳили дарёҳо мепартоянд, бамаротиб коҳиш меёбад. Мо дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дорем ва барои поку тоза нигоҳ доштани ин об мо аз дигарон масъулияти бештарро бар дӯш дорем. Зеро қад — қади соҳили дарёҳои Панҷу Ому зиёда аз 5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва дар шаклҳои гуногун аз он истифода мебаранд. Яке онро менӯшад, дигаре оббозӣ мекунад ва саввумӣ заминашро об медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо ризокорон кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тасмим гирифтанд, ки чунин барномаҳои экологиро дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷу Дарвоз низ баргузор намоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






